Дар Истаравшан ба муносибати Рӯзи дониш бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 2, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан ба муносибати соли нави хониш бинои иловагии таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдакон ба истифода дод шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан хабар доданд, Маркази инкишофи барвақтии кӯдак барои 60 кӯдак дар ду баст, маҷлисгоҳ барои 120 нафар, китобхона ва ошхона дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо дастгирии кумитаи падару модарон ва соҳибкорон бо харҷи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд.

Ҳамчунин дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и деҳаи Зартеппаи шаҳри Истаравшан чор синфхонаи иловагӣ барои 200 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ҷиҳозонида шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Сентябрь 2, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд