Дар Кӯлоб бо мақсади солимгардонӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 12, 2025 08:34

ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пас аз таъмиру навсозӣ майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи он иброз гардид, ки бунёди чунин инфрасохтори варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо барои рушди ҷисмонию маънавии ҷавонон, балки чун омили муҳими солимгардонии ҷомеа ва таҳкими тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад.

Варзиш дар ҳама давру замон беҳтарин василаи муаррифи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, маҳз тавассути машғул гардидан ба он ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ наслҳои солиму тавонманд ба камол расида, дар пешрафти ҷомеа нақши арзишманд мегузоранд.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сентябрь 12, 2025 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд