Дар мавзуи таҳаввулоти суботи Истиқлоли давлатӣ дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳаввулоти суботи Истиқлоли давлатӣ дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода оид ба дастовардҳои замони истиқлол ва сиёсати созандаю хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи истиқлолу озодии давлати тоҷикон, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, меҳнати созанда ва талошҳои пайваста барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
«Истиқлолияти давлатӣ таҳкимбахши ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки барои амалӣ гардидани марому мақсадҳои олии миллии мардуми мо имконияти воқеӣ ба вуҷуд овард ва он неъмати бебаҳо маҳсуб мешавад. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»,-гуфт директори марказ.
Бинои босуботи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути заҳматҳои пайвастаи рӯйи ҳам гузоштани хиштҳои заррин аз анъанаҳои пурғановати сиёсию фарҳангӣ ва иродаи матини соҳибдавлатии насли имрӯза бунёд ёфтааст.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






