Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 14, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаи варзишии замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Уктамҷон Алматов сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иншоот дар асоси талаботи лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Истифодаи чунин майдончаҳо на танҳо ба беҳтар шудани саломатии аҳолӣ, балки баланд шудани маърифати варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ  мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки  корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда, ҳар манзили истиқоматӣ, кӯча, маҳалла, деҳа ва шаҳраку деҳотро таъмиру таҷдид ва тоза намуда, неруи барқро дар мавсими зимистон   самараноку оқилона истифода баранд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд