Дар ноҳияи Темурмалик мактаби нав ба истифода дода шуд

Сентябрь 20, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №47 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хатлон хабар доданд.

Дар деҳаи Даҳаи намаки Ҷамоати деҳоти Ҳусейнобод бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ифтитоҳ гардид.

Мактаби нав аз синфхонаҳои барҳаво ва равшан, ҳуҷраҳои фаннӣ бо таҷҳизоти муосир, майдончаи варзишӣ ва муҳити зебои сабзкорӣ иборат мебошад. Атрофи муассиса бо дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шукуҳи хоса гирифтааст.

Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат барои рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз садҳо муассисаҳои нави таълимӣ дар саросари мамлакат қомат афрохтаанд.

Сокинони деҳа бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки бо бунёди чунин мактаб фарзандонашон дар шароити мусоиду замонавӣ таҳсил карда, дар ҷомеа ҳамчун шахсияти донишманду ватандӯст ба камол мерасанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 20, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид