Дар ноҳияи Зафаробод ба 80 хонанда либоси мактабӣ тақдим карда шуд

Сентябрь 2, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 590 иншооти дорои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз иҷрои ин нақша 91 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ноҳияи Зафаробод маҷмааи хизматрасонии сеошёнаи тарабхонаи «Султон» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар тарабхона бахшида ба оғози соли нави таҳсил ба 80 нафар ятимону хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим карда шуд.

Тарабхона бо ташаббус ва саҳми соҳибкор Ғайрат Султонов бунёд гардида, дорои шароити замонавӣ мебошад. Дар ошёнаи аввали маҷмааи маркази савдо барои 8 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи дуюм тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ва бо тарҳи муосир сохта шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар маркази ноҳия мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Сентябрь 2, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд