Дар Ню-Йорк таҷрибаи муваффақи Тоҷикистон оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия муаррифӣ шуд

Сентябрь 30, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Роҳбари гурӯҳи корӣ вобаста ба баргардонидани занону кӯдакони тоҷикистонӣ аз урдугоҳҳои Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ватан Зубайдулло Зубайдзода дар «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баргардонидани ашхос аз урдугоҳи Ал-Ҳоли Ҷумҳурии Арабии Сурия ва боздоштгоҳу урдугоҳҳои атрофи он», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, Зубайдулло Зубайдзода таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардонидани занону кӯдакон аз урдугоҳҳои Сурия муаррифӣ кард.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ташаббусу роҳнамоӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар се соли охир (2022, 2023 ва 2024) се амалиёти муваффақона анҷом дода шуд. Дар натиҷаи он зиёда аз сесад нафар занону кӯдакони тоҷик аз урдугоҳҳои Ал-Ҳол ва Роҷи минтақаи шимолу шарқии Ҷумҳурии Арабии Сурия ба ватан баргашта, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи пойдори мамлакат дубора ба ҳаёти ободу осоишта пайвастанд.

Имрӯзҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои дуру наздик аз таҷрибаи нодир ва муваффақонаи Тоҷикистон  истифода бурда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳо комёб мегарданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Сентябрь 30, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-Беларус-2025» иштирок намуд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатиро таҷлил намуданд
Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд
Дар Ню-Йорк ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲТБО баргузор шуд
Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Конфронси нахустини Душанбе оид ба зеҳни сунъӣ баргузор мегардад
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот анҷом дод
Дар Ню-Йорк масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе брифинг оид ба омодагӣ ба Саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд