Дар Суғд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад

Сентябрь 9, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маркази зеҳни сунъӣ ва «IT park» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иншоот дорои маҷлисгоҳ бо 700 ҷойи нишаст, «IT park», осорхона, ҳамчунин толорҳои хурди ҳимояи корҳои илмӣ буда, барои рушди илму технология имконияти васеъ фароҳам меорад.

Дар айни замон корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, пардоздиҳию рангубор оғоз гардидааст. Дар назар аст, ки марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда, ба яке аз заминаҳои муҳими рушди соҳаи илму таҳқиқ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд мубаддал гардад.

Бунёди чунин марказҳои илмию таҳсилотӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба рушди соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Сентябрь 9, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид