Дар Тоҷикистон Конфронси нахустини Душанбе оид ба зеҳни сунъӣ баргузор мегардад

Сентябрь 26, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи сатҳи баланди оғози Муколамаи глобалӣ оид ба мудирияти зеҳни сунъӣ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, бахусус ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имконияти нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муваффақона қабул шуд, ёдовар гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории Конфронси нахустини Душанбе оид ба зеҳни сунъӣ дар таърихи 24-25 октябри соли 2025 хабар дода, кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро барои иштироки фаъол дар ин чорабинӣ даъват намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид