Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат бо коррупсия дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти ҷойдошта ва чораҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таъмини амнияти иқтисодии мамлакат баргузор гардид.
Иштирокчиён масъалаҳои мубрами марбут ба ҳолатҳои коррупсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки мубориза бо коррупсия арҷгузорӣ ба низоми устувори давлатдорӣ, дастовардҳои истиқлолият ва дар ин замина таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.
Раванди мунтазами омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рақамисозии раванди идоракунии захираҳои молиявӣ ва моддӣ дар сохтору ниҳодҳои давлатӣ, рушди ҳамкории байнисохторӣ байни мақомоти зиддикоррупсионӣ ва ниҳодҳои давлатию қудратӣ омилҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳурот маҳсуб мешавад.
Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо бо саъю кӯшиши як ниҳод ғайриимкон аст. Он бояд ҷанбаи умумиҷамъиятӣ ва бисёрсамта дошта бошад. Ҳамаи сохторҳо, хусусан хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бояд дар ин ҷода масъулиятшинос бошанд ва дар ҳифзи арзишҳои миллию амнияти давлатӣ саҳм гузоранд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






