Дар Ёвон ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон чорабинии идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлил аз ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии роҳбарияти ҶСК «Муқим-1» чорабинӣ ва зиёфати идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни суханронӣ аҳамияти дастгирии табақаҳои эҳтиёҷмандро дар сиёсати иҷтимоии давлат таъкид намуда, тазаккур дод, ки ғамхорӣ ба пиронсолон ва маъюбон яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумати мамлакат мебошад.
Изҳор карда шуд, ки пиронсолон ва маъюбон дороии маънавӣ ва такягоҳи таҷрибаи наслҳои имрӯза мебошанд ва ҷомеа ҳамеша бояд ба қадри онҳо расад.
Дар идома таъкид гардид, ки истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, то дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум корҳои бузурги созанда амалӣ мегарданд, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатманд басо арзанда мебошад.
Иброз гардид, ки маъюбӣ маънои нотавонӣ надорад. Имрӯз маъюбон бо вуҷуди маҳдудият дар соҳаҳои варзиш, санъат ва ҳунармандӣ дастовардҳои назаррас доранд ва ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа бо ирода, матонат ва дониш намунаи ибратанд.
Дар анҷом гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон барои дастгирии шахсони дорои маъюбият ва фароҳам овардани шароити шоиста пайваста талош хоҳад кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






