Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи инфрасохтори роҳу нақлиёт дар конфронси ҷаҳонии GICC муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 сентябр дар пойтахти Ҷумҳурии Корея –Сеул Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкории инфрасохторӣ (Global Infrastructure Cooperation Conference, GICC-2025) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конфронси GICC аз ҷониби Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёт (MOLIT) ва Ассотсиатсияи байналмилалии сохтмончиён (ICAK) — и Ҷумҳурии Корея созмон дода шуда, ҳадафаш аз ҷамъ овардани намояндагони муассисаҳои давлатии хориҷӣ ва соҳибони асосии лоиҳаҳо барои ҳавасмандгардонии мубодила ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои Корея дар бахши инфрасохтор иборат буд.
Дар Конфронси GICC дар қатори беш аз 200 вазири нақлиёти кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва намояндагони баландпояи давлатҳои хориҷӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуда, дастовардҳои Тоҷикистонро дар соҳаи инфрасохтор ва нақлиёт муаррифӣ намуд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар татбиқи якчанд тарҳи инфрасохторӣ ва нақлиётӣ бо Ҷумҳурии Корея ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Корея имсол омодасозии пешниҳоди пеш аз лоиҳа оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ (АТИ) — и сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Ҳоло Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки содиротию воридотии Корея (KEXIM) ва Фонди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Корея (EDCF) барои оғози лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии ин иншоот фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки яке аз лоиҳаҳои дигаре, ки дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ амалӣ гардидааст, асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони роҳи оҳани нави «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён» мебошад, ки аҳамияти минтақавӣ дорад. Барои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо муассисаҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла KEXIM, Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Роҳи оҳани миллии Корея (Korea National Railway) ҳамкории зич ва мутақобили судманд ба роҳ мондааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






