Доир ба Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди саноати миллӣ: самтҳои асосӣ ва дурнамо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар конференсия иштирокдорон оид ба паҳлуҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии истиқлол ва нақши он дар рушди саноати миллӣ сухан намуданд.
Масъалаҳои муҳим, аз ҷумла афзалияти соҳа, зарурати ҷалби сармоя, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, воридсозии технологияҳои муосир ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Ҳамзамон роҳҳои густариши ҳамкорӣ байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, тавсеаи истеҳсолот ва содироти маҳсулоти саноатӣ ҳамчун самтҳои асосии дурнамои рушд таъкид гардиданд.
Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, заминаҳои устувор барои рушди минбаъдаи мамлакат гузошта шуданд.
Дар конференсия донишмандону устодон ва муҳаққиқон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ маърузаи илмӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид






