ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРӢ АСТ! Пагоҳ дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 октябр дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома хоҳад ёфт. Масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар якҷоягӣ бо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкилу гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.
Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.
Тавре қаблан хабар додем, 29 августи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид. Тибқи он, аз аввали моҳи октябри соли равон дар мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Дар робита ба ин аллакай бо иштироки масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват, ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни пешаздаъватӣ баргузор гардиданд. Масоили вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ҳамзамон диққати аввалиндараҷа додан ба сатҳу сифати чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои муҳими ин ҷаласаю ҷамъомадҳо мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мавсими даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Яке даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Дуюм- даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аст, ки аз 1 октябр шуруъ шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Бо назардошти ин ва вазъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи имрӯза ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур меояд, ки ба қадри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан расад, зеро дар ҳама давру замон, махсусан дар шароити имрӯза таъмини амният, суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ вазифаи муқаддас ва пуршараф аст.
Бояд гуфт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ азбар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш дохил мешаванд. Ҳамчунин дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешавад.
Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонун якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.
Дарвоқеъ, дар шароити имрӯзаи пуртазод вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки ҳатто давлатҳои пурқудрат ба таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ аксари кишварҳои сайёраро дар ҳолати ноустувор қарор додааст, ҷавонони ватандӯсту меҳанпарасти мамлакатро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо ҷавонони барӯманду қавииродаи ҷумҳурӣ хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи виҷдонӣ ва имонии онҳо маҳсуб мешавад. Пас месазад, ки ҳар ҷавони ба синни даъватӣ расида барои ҳифзу ҳимояи Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ гардад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»