ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд

Сентябрь 14, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ховалинг як гӯшаи хушобу ҳавои Тоҷикистон буда, марказаш дар таҳҷои шаҳри қадимии Мунк дар асрҳои 9-12 доман густурда будааст. Ин макон аз замонҳои пеш бо таърихи бою пурғановат, табиати дилфиреб, инсонҳои меҳмоннавоз, ҳунарманд, мардони ғаюр, паҳлавонони номӣ ва аҳли илму адаб машҳур мебошад. Аз рӯи таҳқиқоти олимони бостоншинос, Ховалинг яке аз марказҳои савдо ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ буда, аз он шоҳроҳи Абрешим низ мегузаштааст.

Дарёчаҳо аз баландиҳои Ховалинг сарчашма мегиранд

Ховалинг аз пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дар масофаи 283 км ба самти ҷанубу ғарб, 265 км ба самти маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, ба масофаи 70 км ба самти шаҳри Кӯлоб ва дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масоҳати умумии ноҳия 178,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ховалинг бо шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Муъминобод ва Тавилдара ҳаммарз аст. Аз баландиҳои Ховалинг дарёчаҳои Оби мазор, Оби тира ва Яхсу сарчашма гирифта, ба самти водӣ ҷорӣ мешаванд. Ховалинг диёрест, ки дар он даҳҳо нафар нобиғаҳои илму фарҳанги тоҷик чашм ба олами ҳастӣ кушода, ба камол расидаанд. Ховалинг бо обу чашмаҳои софу зулол, чанорҳои куҳан, табиати зебо ва мардуми некухисолаш садҳо нафар ҷаҳонгардонро мафтун намудааст.

Ҳунармандӣ ва таваҷҷуҳ ба шеъру шоирӣ — хоси Ховалинг

Ноҳияи Ховалинг 23 ноябри соли 1930 таъсис дода шудааст. 6 июни соли 1958 ноҳияи Ховалинг барҳам дода шуда, сокинони аксар деҳаҳо ба таҳдашт барои аз худ кардани заминҳои бекорхобида кӯчонида мешаванд. Моҳи марти соли 1983 ноҳия бори дигар таъсис дода мешавад. Сокинони ноҳия бо урфу одат ва дигар хислатҳои ҳамида: хушгуфторӣ, меҳмоннавозӣ, ҳунармандӣ, майдондорӣ, ҳифзу нигоҳдории бойигариҳои табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва таваҷҷуҳ ба шеъру шоирӣ аз дигар сокинони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фарқ мекунанд.

Инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ноҳияи дурдасти баландкӯҳи Тоҷикистон беш аз пеш рушд намуда, ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат табдил гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг даҳҳо инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба сайёҳон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 10 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, 9 харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудааст. Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо 15 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар дар як вақт мавҷуд аст.

Бунёди роҳҳои мошингард дар ноҳия

Солҳои охир бо мақсади рушди сайёҳӣ дар ноҳия даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба истифода дода шуданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Хатлон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, ба истифода додани 5 километр роҳи мошингарди Панҷариён — Шугнов ва 15 километр роҳи Шугнов – Ховалинг, инчунин роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» бо дарозии 12 километр ба анҷом расонида шуд. Ба истифода додани ин роҳ рафтуомад тавассути ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалингро қариб 70 километр кӯтоҳ намуд. Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ имконияти фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳамчунин бо урфу одат, суннату ойинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳанги мардуми тоҷик шинос мегарданд. Зеро роҳи нав аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон аз доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳо мегузарад. Ин масир василаи ҷалби сайёҳон буда, ба рушди минбаъдаи ин минтақаи кӯҳистон замина мегузорад. Роҳи мошингард бо назардошти мавқеи ҷуғрофияш оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии имконияти сайёҳӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокинони кӯҳистон ҷойи кор муҳайё месозад.

Ёдгориҳои таърихии Ховалинг

Чашмаҳои Занбурак, Сурсақова, Қазған, Курушак ва Чилчанор, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ, Дараи Мухтор –зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ, маъбади буддоии Чепол ва боз даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар Ховалинг ҷойгиранд, далели таърихи қадимӣ доштани ин ноҳияи баландкӯҳи Тоҷикистон мебошанд.

Ховалинг дар моварои миллион сол

Ховалинг, ки як гӯшаи шаҳри Мунки бостонӣ аст, дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёд карда шудааст. Он қадимтарин макони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буда, ин гӯшаи диёри тоҷикон таърихи якмиллионсоларо дар худ маҳфуз медорад ва барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, 11 октябри соли 2021 дар Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Мушкилиҳои гоҳшуморӣ ва муҳити сукунати инсони қадим дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши таҳқиқӣ баргузор гардид, ки дар он бостоншиносони хориҷӣ аз Русия, Дания, Эрон, Маҷористон иштирок намуданд.

Тибқи таҳқиқи бостоншиносон, дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи имрӯзаи Ховалинг, чун Кӯлдара, Лоҳутӣ, Чашмнигор ҳанӯз як миллиону сад ҳазор сол муқаддам инсонҳои аҳди бостон сукунат доштаанд. Роҳбари лоиҳаи байналмилалии THOCA Ян Питер Буллард (Донишгоҳи техникии Дания) ва муовини ӯ Раҷеп Қурбонов (Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов) ин андешаро таъкид намуда, таърихи беш аз 1 000 000-солаи ноҳияи Ховалингро исбот намуданд.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Убайдулло Насрулло иброз намуд, ки ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Ховалинг ҳанӯз дар замони Шӯравӣ гузаронида шуда, таърихи беш аз якмиллионаи он исбот гардида буд.

Сардори шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Нуриддин Сайфуллоев зикр намуд,ки академик Ранов 11 қабати хоки Кӯлдараро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки ин мавзеъ макон ва бошишгоҳи одамони ҷамъияти ибтидоӣ мебошад.

«Хоки мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалингро муҳаққиқин аз Олмону Швейтсария ба Аврупо бурда, таҳқиқ намуданд ва ба хулосае омаданд, ки макони сукунати мавзеъ беш аз 1 000 000 сол таърих дорад. Аз ин рӯ агар Ховалинг дар Осиёи Марказӣ қадимтарин бошишгоҳи инсони бостон бошад, пас дар дунё қадимтарин мавзеъҳои сукунати инсони қадим Африқо буда, таърихи сукунати инсон дар қитъаи мазкур беш аз 2 000 000 сол маҳсуб мешавад», — гуфт Нуриддин Сайфуллоев.

Ховалинг — диёри офтобӣ

Иқлими Ховалинг субтропикӣ буда, ҳарорати миёнаи ҳавои фасли тобистон аз 30 то 35 дараҷа гарм ва зимистон то 15 дараҷа сард мешавад. Фаслҳои сол дар Ховалинг дар ҳар деҳу дара, новобаста ба сатҳи он ба таври гуногун оғоз мегарданд. Ховалинг диёри офтобӣ ва хушманзар буда, дар чор фасли сол табиати зебо ва дилкаш дорад. Ҳамин аст, ки забоншиносону муаррихон вожаи Ховалингро «Хварамунка», яъне Мунки офтобӣ маънидод намудаанд. Дар бораи пайдоиш ва маънои калимаи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ ва забоншиносӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Этимологияи ин калима аз шакли «хваралунка»-и забони порсии қадим ва миёна пайдо шудааст, маънии хвара-хур, ҳур, яъне рӯшноӣ, офтобӣ ва лунка ё лунг- теппа, замин, диёр, яъне диёри офтобиро дорад. Табиат ва иқлими мусоид ва офтобии ин диёр таҳкимдиҳандаи далелҳои дигар мебошад. Дар ҳудуди ноҳия чанд мавзеи таърихӣ ёфт шудааст, ки гувоҳи таърихи қадимӣ доштани Ховалинг мебошанд. Бошишгоҳи Кӯлдара аз ин ҷумла аст. Ин бошишгоҳ ба давраи палеолити поён тааллуқ дошта, умри 950 ҳазорсола дорад ва яке аз куҳантарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Ховалинг

Дар ноҳия мавзеъҳои зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мавҷуданд, ки диққати ҳар сайёҳро ба худ ҷалб менамоянд. Манзараву боғистонҳо, чашмасорон, шукуҳи Чилчанор, мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Хоҷа Аюби Ансорӣ, Авлиёи Зелолак, мавзеи чашмаи Қазаған, чашмаи Сурхсақова (мавзее, ки қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро алайҳи зулму бераҳмии Манғитиён ба шуриш даъват намудааст), чашмаи Зардпарвин, Санги рама, чашмаи Шӯр, Крушак, Замбӯрак, Чӯрак, чашмаи Ҳикмат, Мағфират, Раҳмат, Мурод, Шифо, ки ба чандин дардҳо давоянд, манзараҳои нотакрору дилфиреби Дашти мешу Уштурчаро, гулҳавзҳои ҳудуди деҳаи Доробию Шехмезон, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар зодгоҳи Восеи қаҳрамон- Дараи Мухтор, бошишгоҳҳои одамони асри санг дар деҳаҳои Кӯлдара, Хонақои Севодара, сангтӯдаҳо, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади Буддоӣ дар деҳаи Чепол (Чепивол), Қалъаи Бегим ва ғайра ба бинандагону сайёҳон таассуроти амиқ мебахшанд.

Эҳёи касбу ҳунарҳои гуногун дар Ховалинг

Дар Ховалинг касбу ҳунарҳои гуногун эҳё гардида, дар ҳоли рушд қарор доранд, ки онҳо таваҷҷуҳи сайёҳонро ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷалб намуда, аз онҳо чун армуғон харидорӣ менамоянд. Аз ҷумлаи ин ҳунарҳо метавон аз қамчинбофӣ, дутортарошӣ, намадбофӣ, рафидадӯзӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, оҳангарӣ, қолинбофӣ ва ғайра ном бурд. Аз таомҳо «кочӣ» хӯроки хоси мардуми ноҳияи Ховалинг аст, ки таърихи қадимӣ дорад.

Бошишгоҳи одамони асри санг

Ховалинг бо гузаштаи миллионсолаи худ, ки бостоншиносон муайян кардаанд, беназир аст. Дар ин ҷо ҳатто бошишгоҳи одамони асри сангро пайдо кардаанд, ки дар ҷаҳон камназир мебошад. Ҳамзамон мавзеи Чилчанори Ховалинг аз ҷиҳати табиӣ беҳамто аст. Ховалинг инчунин зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ мебошад, ки бар зидди манғитиҳои ғосиб қиём карда буд. Имрӯз дар зодгоҳаш –Дараи Мухтор хона-музеи Восеъ бунёд гардидааст, ки таҷассумгари таърихи гузашта ва мардонагию шуҷоатмандии миллати сарбаланди тоҷик мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 14, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад
Саридораи бойгонӣ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ дар Тоҷикистон мавқеи назаррас дорад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намояндаи Тоҷикистон дар Пекин иқтидори васеи соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Нахустин маротиба Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор мегардад
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
МИНТАҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ БАЛҶУВОН. Сайре ба диёри чашмаҳои зулол ва мардумони некухисол
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад