«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ дар Суғд бо иштироки зиёда аз 1400 довталаб оғоз ёфт

Сентябрь 15, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки зиёда аз 1400 довталаб оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз гардид, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» иқдоми арзишманди давлату ҳукумат дар самти ҷалби ҷомеа, махсусан ҷавонон ба омӯзиши илм аст. Ин озмун на танҳо майдони рақобати солим байни хонандагону донишҷӯён ва аҳли илму фарҳанг мебошад, балки саҳнаи ифодаи неруи фикрии насли навин низ ба ҳисоб меравад.

Баргузории чунин озмунҳо барои рушди қобилияту истеъдоди хонандагону донишҷӯён имконияти фарох фароҳам оварда, онҳоро ба мутолиаи бештар, таҳқиқоти илмӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодкорона ҳидоят месозад.

Дар раванди баргузории даври вилоятӣ ҳакамон ва коршиносони соҳавӣ ба дониши довталабон бо меъёрҳои дақиқ баҳо мегузоранд. Беҳтарин иштирокчиён имкон пайдо мекунанд, ки вилоятро дар даври ниҳоӣ – сатҳи ҷумҳуриявӣ муаррифӣ намоянд.

Бо итминон метавон гуфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар вилояти Суғд муҳити илмпарвариро боз ҳам тақвият бахшида, ҷавонону наврасонро ба омӯзишу таҳқиқ, ҷустуҷӯ ва навовариҳои илмӣ бештар ҳидоят менамоянд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Сентябрь 15, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид