ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ ВИРУСИ ПАПИЛЛОМАИ ОДАМ. Он пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ менамояд

Сентябрь 18, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 октябр дар Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам оғоз мегардад. Ин ваксина дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14-сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии ин синн он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарабахш буда, иммунитетро қавӣ мегардонад. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иммунизатсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июли соли 2025 тасдиқ шуда, бар зидди вируси папилломаи одам гузаронида мешавад. Ин ваксина аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол шуда, қадами муҳим дар самти пешгирии саратони гарданаки бачадон мебошад. Ваксина зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода шуда, самаранокии худро собит намудааст.

Тибқи маълумоти тиббӣ, вируси папилломаи одам омили асосии пайдоиши саратони гарданаки бачадон буда, ин беморӣ дар байни беморони гирифтори саратон (занон) дар Тоҷикистон мавқеи дуюмро ишғол мекунад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Ҳикматуллоҳзода иброз намуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ, чорабиниҳои иммунизатсионии оммавӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб мераванд.

Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандае аст, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми аногенеталӣ (узвҳои берунаи таносули занона ва мардона)-ро сироят намуда, онҳоро иллатнок месозад. Вируси папилломаи одам сабаби хатари баланди пайдошавии бемориҳои саратонӣ, аз ҷумла дар гарданаки бачадон шуда метавонад.

«Саратони гарданаки бачадон омоси бадсифат мебошад, ки он дар қисми поини бачадон пайдо шуда, инкишоф меёбад. Қариб ҳамаи ҳолатҳои саратони гарданаки бачадон дар натиҷаи сироятёбии шахс аз намудҳои хатари баланди дорои саратони вируси папилломаи одам ба вуҷуд меоянд»,-гуфт ӯ.

Таҳлили гирифторшавии занон ба бемории саратон нишон медиҳад, ки саратони гарданаки бачадон баъди саратони ғадуди ширӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Инчунин саратони гарданаки бачадон дар сохтори фавт низ баъди саратони ғадуди ширӣ дар ҷойи дуюм меистад.

Малоҳат Ҳикматуллозода афзуд, ки иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) усули безарар ва самарабахши муҳофизат аз сироятёбӣ ба вирус аст. Иммунизатсия системаи муҳофизатии бадан, яъне масуниятро мустаҳкам мекунад ва ба организм кумак мерасонад, ки бар зидди вируси папилломаи одам муқовимат карда, пайдошавии саратони гарданаки бачадонро пешгирӣ намояд.

Фирӯза ДАВЛАТОВА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад