Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ имсол беш аз 31 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 280 гектар пунбадона кишт намуданд, ки ҳоло дар аксар хоҷагиҳо маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи дурнамо, кишоварзон имсол 31 ҳазору 300 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 10 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият дорад.
Хоҷагии деҳқонии «Сангин Қуддус»-и шаҳраки Бӯстон дорои 30 гектар замини кишоварзӣ мебошад, ки дар 25 гектари он пунбадона кишт карда шудааст.
Аъзои хоҷагии деҳқонии «Сангин Қуддус» иброз доштанд, ки ҳосили имсола назар ба соли 2024 чанд маротиба зиёд аст, зеро навъҳои пахтаи «Ҷунтай» ва «ЭФ-52» мутобиқ ба иқлими минтақа интихоб гардида, кишт бо усули зери плёнка гузаронида шуд. Ин усули кишт назар ба тарзи маъмулӣ самаранокии бештар дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






