Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Стратегияи миллии идоракунии партовҳо барои давраи то соли 2035»-ро таҳия менамояд
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва масоҳати умумии партовгоҳҳо зиёда аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баён намуданд.
Сарвари давлат афзуданд, ки солҳои охир афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, вусъати сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боиси афзудани намудҳои гуногуни партов гардидааст. Вобаста ба ин ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар мамлакат беҳбудии ҷиддӣ талаб менамояд.
«Таъкид менамоям, ки дар мамлакат механизми идоракунии маҷмуии партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва сохтмонӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, то имконияти ташаккул додани низоми самараноки муносибатҳо тавассути рушди ҳамкории байниидоравӣ, ҷалби бахши хусусӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад»,-иброз доштанд Роҳбари давлат.
Инчунин Пешвои миллат изҳор намуданд, ки сохтмони корхонаҳои маҷмуии коркарди партовҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадам ва пешниҳоди имтиёзҳо барои онҳо метавонад ба коҳишёбии партовҳо таъсири мусбат расонад. Набояд фаромӯш кард, ки ин кор аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ барои мамлакат манфиати зиёд дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ ва рушди истеҳсолот ҳаҷм ва масоҳати замини зери партовгоҳҳо сол ба сол зиёд мешавад. Ҳоло дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, вале иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад. Бинобар ин, ташкил кардани корхонаҳои калони коркарди партовҳо дар ҳудуди партовгоҳҳои амалкунанда метавонад масоҳати ҷойгиронӣ ва ҳаҷми партовҳоро дар муҳити зист коҳиш диҳад.
Сарвари давлат бо дахли коҳиши таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист иброз доштанд, ки барои коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон зарур аст, ки механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амалӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз супориш дода мешавад, ки вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ механизми ҷойгиронӣ, кашонидан ва коркарди партовҳоро таҳия намоянд. Дар ин раванд зарур аст, ки бо ҷалби сармоя, шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ворид намудани технологияҳои муосир ва сохтмони корхонаҳои калони коркарду безараргардонии партовҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Президенти Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи давлатӣ «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳибкорон 22 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ширкати «China Gezhouba Group» ба бунёди неругоҳҳои «Айнӣ» ва «Ёвон» дар ҳавзаи дарёи Зарафшон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
25 ИЮЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ. Дар Тоҷикистон ин нақлиёт дар самти боркашонӣ ва интиқоли мусофирон нақши калидӣ дорад
«ПОМИРИНВЕСТ-2026». Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ 57 тафоҳумнома ба маблағи беш аз 6,5 миллиард сомонӣ ба имзо расид
Дар «Помиринвест-2026» иқтидори истеҳсолию саноатии Бадахшон муаррифӣ гардид
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» чор ҳавопаймои Airbus A320neo дастрас менамояд






