Лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 1, 2025 09:41

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи дурнамосозии макроиқтисодии Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ғаниев иттилоъ дод, ҳамасола барои ташкили корҳо барои таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Дар доираи лоиҳа корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.

«Аз ҷумла, дар асоси банди 4 фармоиши мазкур вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор мегарданд, ки то 1 марти соли 2026 барои  таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2027 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2028-2029 нишондиҳандаҳои дурнаморо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод ва онро муаррифӣ намоянд»,-гуфт мавсуф.

Тибқи банди 5 ин лоиҳаи фармоиш, Вазорати рушди иқтисод ва савдо то 1 июни соли 2026 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2028-2029 таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад