«МАН — НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ». Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои таҳсил аст
ДУШАНБЕ, 06.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Аз соли фаъолият то имрӯз он зиёда аз 117 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил ба 42 давлати ҷаҳон равон намудааст. Ҷавонон имрӯз соҳиби саводи баланд, касбу кори гуногун буда, дар пешрафти илму техника ва ихтироъкорию навоварӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд мебардоранд, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гирандаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» Абдуллоҷон Ҷумъаев иброз намуд, «ман баъди супоридани озмунҳо дар се давр сазовори ин стипендия гардида, ба Донишгоҳи Сити Лондон (City, University of London), ба ихтисоси муҳандисӣ дохил гардидам. Ин Донишгоҳи давлатии таҳқиқотӣ дар Лондон мебошад. Он дар маркази Лондон- дар майдони Нортгемптон ҷойгир аст ва соли 1966 таъсис ёфта, соли 2016 ба донишгоҳ табдил ёфтааст. Донишгоҳ дорои инфрасохтори замонавӣ буда, ба донишҷӯён маҷмуи васеи имконият пешниҳод мекунад, аз ҷумла китобхона, маркази клиникӣ, лабораторияҳои муҳандисӣ, студияҳои сабти овоз ва маркази варзишӣ».
«Тасаввур ĸунед, ĸи шумо дар даст номаи қабул ба донишгоҳи хориҷӣ ё визаи деринтизори худро доред. Таҳсил ва зиндагӣ дар хориҷа метавонад ҳам тарсовар ва ҳам илҳомбахш бошад. Чизи асосиаш омодагии хуб ва боварӣ ба худ аст. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои ман дар як давлати дур имконияте фароҳам овардааст, ки дар давлати хориҷии дур озодона таҳсил мекунам»,- гуфт Абдуллоҷон Ҷумъаев.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «барои ман мисли аксар мактаббачаҳои тоҷик таҳсил дар хориҷа орзуи дастнорас буд, зеро арзиши таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ дар як сол аксар вақт аз 80 ҳазор доллари амрикоӣ мегузарад. Барои ман Маркази «Дурахшандагон» на танҳо кумаки молӣ, балки дастгирии маънавӣ низ мерасонад. Барои ман ҳар моҳ стипендия ба маблағи 600 доллар таъйин мекунанд. Дар баробари ин, маблағи суғуртаи тиббӣ, ҷойи зист, шартномаи таҳсил, роҳкиро ва дигар хароҷоте, ки дар ҷараёни таҳсил сарф мешавад, аз ҷониби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.
“Ман ҳам меваи дарахти истиқлолам, ки бо шарофати хизматҳои мондагори Сарвари давлат тавонистам донишҷӯйи як донишгоҳи бонуфуз дар Британияи Кабир гардам. Ба подоши ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлатамон талош мекунам дар оянда барои давлати худ хизмати арзанда намоям»,-илова кард Абдуллоҷон Ҷумъаев.
Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои вусъат додани дониши ҳамаҷонибаи ҳар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Тибқи роҳнамоии пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат ҳар донишҷӯи таҳсилкунанда дар кишвари хориҷӣ бояд дар баробари таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ инчунин муаррифи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад. Аз ин рӯ донишҷӯён даъват карда мешаванд, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, баъди баргаштан ба Ватан дар рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд






