Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон ифтитоҳ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, марказ дар доираи эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба таври муосир сохта шудааст. Ҳуҷраҳои хизматрасонии он бо таҷҳизоти муосири сохти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин мебошанд.
Ҳадафи таъсиси Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон хизматрасонӣ ҳамчун пули ҳамкорӣ байни давлат, бахши хусусӣ, илму технология ва ҷомеа мебошад. Марказ барои фароҳам овардани фазои муосир бобати рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳамзамон пешбурди инноватсия ва зеҳни сунъӣ хизмат менамояд, то Хатлон ба маркази стратегии пешрафта дар минтақа табдил ёбад.
Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон аз ду толори «Инноватсия ва зеҳни сунъӣ (AI)» ва толори «Кишоварзӣ ва экспорт» иборат аст. Дар онҳо гӯшаҳои AI дар амал, инноватсияи Хатлон, AI ва кишоварзӣ, AI ва таълим, фотозона, гӯшаи маҳсулоти асосӣ, экспорт ва бозорҳо, инноватсия дар кишоварзӣ, дастархони Хатлон ва фотозонаи аграрӣ мавҷуд мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






