Маркази такмили ихтисоси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Анвар Гаргаш ҳамкориро густариш медиҳанд

Сентябрь 5, 2025 08:46

ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абузабӣ мулоқоти маҷозии намояндагони раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Анвар Гаргаши Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абузабӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Анвар Гаргаш дар самти бозомӯзии кормандони хизмати дипломатӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддат барои дипломатҳои ҷавон, омода намудани коршиносони cоҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мутахассисони забони арабӣ ва англисиро баррасӣ намуданд.

Тарафҳо барои ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ду ниҳод дар фурсати муносиб изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абузабӣ

Сентябрь 5, 2025 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид