Масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Сентябрь 29, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳадафи асосии ин ташаббус таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, ҳамоҳангсозии фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Густариш додани ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба таҳкими амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Ҳолатҳои фавқулода ҳар лаҳза метавонанд ба амнияти ҷони мардум ва молу мулк таҳдид намоянд. Аз ин рӯ чунин лоиҳа ва ташаббусҳо барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода зарур мебошанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид