«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бунёду модернизатсияи шабакаро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ идома медиҳад. Танҳо дар ду моҳи охир оператор 50 майдони нави пойгоҳҳои базавии стандарти 4G/LTE-ро ба кор дароварда, интернети босуръатро ба бисёр маконҳое, ки дар онҳо қаблан шабакаи насли чорум дастнорас буд, ворид намуд. Лекин лоиҳаи муҳимтарини соли 2025 васеъкунии шабакаи 5G маҳсуб мешавад.
Ҷузъи якуми шабакаи насли панҷумро МегаФон Тоҷикистон соли 2020 нахустин бор дар ҷумҳурӣ ва яке аз аввалинҳо шуда дар олам ба кор дароварда буд. Ин имкон дод, ки таҷрибаи кор бо таҷҳизоти 5G андӯхта шавад. Лекин истеъмоли интернети мобилӣ дар доираи рушди зеҳни сунъӣ танҳо акнун то сатҳе расидааст, вақте суръатҳои насли панҷум барои мизоҷони корпоративӣ (масалан, барои назорати ҳазорҳо дастгоҳҳо бо SIM-кортҳо: банкоматҳо, дастгоҳҳои хазинавӣ, датчикҳои системаҳои бехатарӣ) ва муштариён-шахсони воқеӣ бештар зарур хоҳанд омад.
Алоқаи 5G суръатҳои ниҳоят баланди интернети мобилӣ – то 1 Гб/с барои як истифодабаранда ва ҳатто баландтар аз онро таъмин менамояд. Ин маънои онро дорад, ки дилхоҳ контент дарҳол фаъол мегардад. МегаФон Тоҷикистон ният дорад манбаи басомадҳоро бо фарохии 100 МГтс, ки дар байни ширкатҳои инкишофдиҳандаи 5G хеле маъруф мебошад, ба кор барад.
Давоми соли 2025 шабакаи насли панҷум дар ҳудуди Душанбе – шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, ки дар он истифодабарандагони эҳтимолии суръатҳои гигабитии интернет бештар қарор доранд, пайваста бунёд карда мешавад. Дар нимсолаи дуюм дар ноҳияҳои марказӣ боз шаш пойгоҳи базавии 5G пайдо шуданд. Фарогирии пурраи минтақа бо шабакаи 5G имкон медиҳад, ки баъзе аз мушкилоти техникӣ ҳал карда шуда, аз ҷумла ҳамгироии пойгоҳҳои нави базавӣ бо шабака, ки дар он миқдори таҷҳизоти насли чорум ҳоло зиёдтар аст, ба амал бароварда шавад. Минбаъд пойгоҳҳои базавии 5G бо суръатҳои баланд насб карда шуда, ҳудудҳои дигари ҷумҳуриро низ фаро хоҳанд гирифт.
«Инкишофи шабакаи насли панҷум дар рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас маҳсуб мешавад. 5G имконияти комилан нави истифодаи дилхоҳ хизматрасонии рақамӣ ва аз ҳама муҳим, махзани муайянро барои таҳияи хизматрасониҳое, ки шабеҳашон ҳоло дар бозори телекоммуникатсионии мамлакат мавҷуд набуд, таҷассум менамояд», — иброз намуд директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






