Мумфаршкунии роҳи мошингарди Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз гардид

Сентябрь 28, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 28.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мумфаршкунии роҳи мошингарди  Зафаробод-Ҳамид Алиев-Гулистон-Дӯстӣ оғоз  гардид,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дарозии умумии роҳ 3,2 километр буда, паҳноии он 6 метрро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои ҳамворкунии роҳ пурра анҷом ёфта, корҳои асосии роҳсозӣ дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.

Ин лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ шуда, корҳои пудратиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат-2018» ба уҳда дорад.

Иброз гардид, ки дар вилоят ба истиқболи  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садҳо иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд.

Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Зафаробод, дар ноҳия 398 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мавҷуданд. То 20 сентябр дар ноҳия 6 километр роҳ пурра асфалтпӯш, 67 километр таъмири ҷорӣ ва 25 километр шағалпӯш карда шудааст.

АКС: Хадамоти  матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 28, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд