Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ қабул гардид

Сентябрь 30, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 30.09.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди муҳокима дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, қабул карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ин иқдоми навбатӣ ва саривақии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори миннатдорӣ менамояд.

Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳкими маърифати шаҳрдорию шаҳрнишинӣ ва тибқи талаботи замони муосир бунёд намудани иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқи шаҳр такони ҷиддӣ мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки 29 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақим, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ, аз ҳозир тайёрӣ дидан ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ-2026 ва омодагии ҳамаҷониба барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

 АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 30, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд