Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм»-и Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, Муассисаи давлатии маҷаллаи илмии «Навиди илм» моҳи марти соли равон таъсис ёфта, ба сифати минбари муътамади илмӣ ҳадаф дорад, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқони ҷавон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва дигар олимону пажӯҳишгаронро дар муҳити илмии ватанию хориҷӣ муаррифӣ намояд.
Шумораи аввали маҷалла нашр шуда, ба дасти хонандагону муҳаққиқон расид. Дар он аз рӯйи 17 самти илм 37 мақолаи илмию назариявии муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ҷой дода шудааст.
Маҷалла дорои сомонаи расмӣ бо суроғаи www.navidiilm.tj ва почтаи электронии navidi-ilm@mail.ru мебошад. Тавассути онҳо муҳаққиқон метавонанд оид ба самтҳои фаъолият, талаботи нашр ва имконияти ҳамкорӣ маълумоти бештар пайдо намоянд.
Ҳайати таҳририя ва кормандони маҷалла бо дарки масъулияти баланд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар оянда низ нашрияи «Навиди илм» ба манбаи боэътимоди илмӣ табдил ёфта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар бахши илм ва инъикоси дастовардҳои муҳаққиқони ватанию хориҷӣ саҳми арзанда гузорад.
АКС: Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






