Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Носири Хусрав бо корҳои сохтмонӣ шинос шуд

Сентябрь 1, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои маъмурӣ (иловагӣ) дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Бинои маъмурӣ (иловагӣ) дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав аз 10 утоқи корӣ иборат мебошад.

Қоҳир Расулзода зимни вохӯрӣ хизматчиёни давлатӣ онҳоро вазифадор намуд, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

Сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи Лаби Ҳавзи Ҷамоати деҳоти Тахти Хусрави ноҳияи Носири Хусрав бо сохтмони пойгоҳи обкашии МУЗ – Бешкент низ шинос шуд.

Пойгоҳи обкашии мелиоративии Бешкент соли 1982 ба истифода дода шуда, тавассути пойгоҳ, ки аз 5 дастгоҳи обкашӣ иборат буда, ҳамагӣ 1 адади он коршоям мебошад, барои паст намудани сатҳи обҳои зеризаминии 6424 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Носири Хусрав хизмат мерасонад.

Бо маблағгузории Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» барои таъмиру барқарорсозии пойгоҳи мелиоративии (Муз) Бешкент дар ноҳияи Носири Хусрав ба тариқи тендер озмун гузаронида шуд. Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед-1»  бинои пойгоҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, пойгоҳи мавҷуда таъмир ва берун аз бинои пойгоҳ васлу насб карда шуд. Се пойгоҳи обкашӣ бо ҳамаи таҷҳизот аз хориҷи мамлакат ворид карда шуд, ки рӯзҳои наздик васл карда мешаванд. ​​

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои таъмини фаъолияти пайвастаи ин пойгоҳҳо ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 1, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид