Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Сентябрь 6, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр бо ибтикори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Аз Истиқлол то ташаббусҳои ҷаҳонӣ: нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар конференсия олимони варзида, пажуҳишгарону мутахассисони соҳаи обу иқлим аз нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ мамлакати мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори меҳварии масоили марбут ба об ва иқлим шинохта шудааст. Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешсаф дар пешбурди сиёсати экологӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҳамчун омили калидии рушди устувор ва амнияти глобалӣ мебошад.

Дар ҳамоиш муҳимтарин масоили марбут ба таҳқиқоти криосфера, ҳолати кунунии пиряхҳои Тоҷикистон, саҳми занон дар омӯзиши пиряхҳо ва нақши Тоҷикистон дар рушди илмҳои пиряхшиносӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид