Олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин оид ба захираи тилло ва сурма лоиҳаи муштарак таҳия намуданд

Сентябрь 3, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастрасӣ ба дастовардҳои муосири илмӣ олимони кафедраи фанҳои табиӣ-илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо олимони Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин (Пекин) таҳти унвони «Технологияҳои пешқадами пурсамар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи бойгардонӣ ва металлургии захираҳои маъдании душворкоркарди тиллову сурмадор» лоиҳаи муштарак таҳия намуданд, ки он аз озмун гузашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд.

Моҳияти лоиҳаи муштарак аз таҳияи технологияҳои пурсамари бойгардонӣ ва металлургии маъданҳои душворкоркарди тиллову сурмадор иборат буда, дар доираи он барои оғози корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 21 август бо иштироки олимону мутахассисон аз Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон симпозиум оид ба барномаҳои давлатии таҳқиқотӣ ва ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи илму техника ва инноватсия баргузор гардид.

Дар симпозиум муовини проректори Донишгоҳи кӯҳӣ ва технологии Чин Ан Юй таъкид намуд, ки лоиҳа ва чорабинии имрӯза на танҳо минбари муҳими мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва навовариҳо мебошад, балки қадами дигаре дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судманд байни олимон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ду ҷумҳурии бародар аст. Тоҷикистон ва Чин дорои иқтидори бузурги захираҳои сурма ва тилло буда, сатҳи корҳои иктишофӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо дар ҳоли рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамкории илмӣ-истеҳсолӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд», ки ба коркарди маъданҳои сурмаю тиллодор машғул аст, ба роҳ монда мешавад.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма дар ҷаҳон ҷойи сеюм (пас аз Чин ва Тайиланд) ва дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойи аввалро ишғол мекунад. Камарбанди симобу сурмаи Зарафшону Ҳисор дар Тоҷикистони марказӣ дорои иқтидори азими маъдани сурма мебошад, ки дар панҷ минтақаи маъдан паҳн шудааст. Захираҳои асосии ин маъданҳо дар конҳои «Ҷизикрут» ва «Кончоч» ҷойгиранд.

«Сохтмони корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» дар заминаи кони «Кончоч» соли 2018 оғоз гардида, соли 2022 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Тибет Хуаюй» 138 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардидааст»,-гуфт Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Муовини декани факултети химия ва ҳифзи муҳандисии муҳити зисти Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин — менеҷери лоиҳа Дэн Тсзюшуай оид ба зарурат ва нақшаи амалисозии лоиҳаи муштарак ибрози ақида намуд. Таъкид гардид, ки байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои илму маориф ва коркарди маъдан созишномаҳои зиёд ба имзо расидаанд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ заминаи мусоидро таъмин менамоянд. Аз ин рӯ, шароити мусоид фароҳам омадааст, ки барои тайёр намудани муҳандисони соҳаи кӯҳкорӣ, таҳияи технологияҳои «сабз» ва инноватсионии коркарди маъданҳо ва амалӣ намудани дастовардҳои муосири илмӣ дар истеҳсолот дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории мутақобили судманд бо Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин Коллеҷи тайёркунии амиқи муҳандисӣ таъсис дода шавад. Пешниҳоди Дэн Тсзюшуай мувофиқи мақсад шуморида шуда,   Созишнома дар бораи таъсиси Коллеҷи тайёркунии амиқи муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои кӯҳии «сабз» ва зеҳнӣ ба тасвиб расид.

Дар ҷамъбасти симпозиум иброз гардид, ки татбиқи босамари лоиҳаи муштарак ба таҳияи ҳалли илман асосноки масъалаҳои марбут ба коркарди маъданҳои душворкоркард, баланд бардоштани иқтидори илмӣ-таҳқиқотии муассисаҳо ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд