САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар Тоҷикистон шумораи мактабҳои шакли нав бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи мактабҳои шакли нав, аз ҷумла литсейҳо ва гимназияҳо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ танҳо як ададро ташкил медод, соли 2025 дар Тоҷикистон ба 170 адад расид. Дар айни замон дар ин муассисаҳои таълимӣ беш аз 121 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадаф аз бунёди мактабҳои шакли нав, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, муҷаҳҳаз гардонидани онҳо, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва ислоҳоти соҳаи маориф амалӣ мегардад, аз ташкили заминаи боэътимод барои саводу дониши замонавӣ гирифтани хонандагон иборат аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои самаранок гардонидани раванди таълиму тарбияи насли ояндасози миллат тадбирҳои гуногуни судманду самарабахш андешид.
Дар ҷомеаи мутамаддин ва рушдёфта низоми мактабу маориф ва илму фарҳанг нақши калидӣ ва созанда касб менамояд. Аз рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дараҷаи неруи зеҳнию ақлонии ҳар мамлакат вобастагӣ дорад. Маҳз мактабу маориф ва мутахассисони баландихтисос метавонанд рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд






