Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд

Сентябрь 11, 2025 11:56

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд.

Дар даромадгоҳи «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ва аҳли илму фарҳанги вилояти Хатлон бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Корҳои барқарорсозии Қалъаи Балҷувон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Ин макони таърихӣ дар рўйхати иншооти буҷети маҳаллии вилояти Хатлон қарор дода шуда, дар баробари маблағгузории буҷети вилоятӣ, ҳамзамон соҳибкорони маҳаллӣ низ дар таъмиру навсозии он саҳмгузорӣ намудаанд. Барои навсозии Қалъаи Балҷувон аз ҳисоби буҷет 6 миллиону 322 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 17 миллиону 624 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Арзиши умумии навсозии иншоот 23 миллиону 946 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иншооти мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ таъкид намуданд, ки чунин муассисаҳо мактаби худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, насли ҷавонро ба омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон ҳидоят месозанд.

«Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ навсозӣ шуда, имконият фароҳам меорад, ки таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ гардад.

Марказ дорои толори калони намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳар як гӯша бо ҳунари баланди меъморӣ ва тарҳи замонавӣ оро ёфта, таърихи қадимаву фарҳанги ғании мардуми тоҷикро инъикос мекунад. Дар осорхонаи ин мавзеъ намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва асарҳои муҳаққиқону адибон ҷой дода шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо шароити марказ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи адабӣ-фарҳангӣ, ки бо иштироки аҳли адабу ҳунар баргузор гардид, иштирок намуданд.

Сокинон ифтитоҳи «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо барои ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.

Ифтитоҳи ин муассисаи фарҳангӣ дар ноҳияи Балҷувон гувоҳи равшани сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" баъд аз таъмиру навсозӣ ва иштирок дар барномаи адабӣ-фарҳангӣ 11.09.2025

Сентябрь 11, 2025 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид