«ШОҲНОМА» — БУЗУРГТАРИН ҲАМОСАИ МИЛЛӢ. Ин асар шоҳкории беназири сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст

Сентябрь 21, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таърих гувоҳ аст, ки Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории ҳар қавму миллат буда, воситаи эҷокунандаи ифтихори миллӣ дониста мешавад. Он сарчашмаи  ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳию доштани ҳувияти миллист, ки дар заминаи хотироти таърихӣ амалӣ мегардад.  Аз ин рӯ зарур аст, то ҳар инсон аз гузаштаи хеш огаҳ бошад ва муҳимтар аз ҳама, бо он ифтихор карда тавонад.

Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «халқи тоҷик мисли қавмҳои дигари ориёӣ аз он ифтихор дорад, ки  Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ манзараи басе барҷастаи Ватанамонро аз бомдоди зиндагӣ дар ин сарзамин то рӯзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст. Мо ҳамроҳи ин нависандаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам пирӯзиҳо ва ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем».

Дар бедор намудани худшиносии миллии ҳар фарди тоҷик, таъмини сулҳу субот дар мамлакат, дар ниҳоди ҳар фард тарбия намудани худшиносию худогоҳӣ, фароҳам овардани фазои солими ҷумҳурӣ, бедор намудан ва нигоҳ доштани эҳсоси ҳувияти миллӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи хираду заковати азалӣ басе назаррас буда, дастраси ҳар хонадон гардонидани китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва ҳамосаи ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, эълон намудани озмунҳои ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат»», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат», «Шоҳномахонӣ» аз нуктаи баланди сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак дода, ҳамчун рамзи соҳибхирадӣ ва идомаи мантиқии иқдоми неку ҳадафманди ниёгон шинохта шудааст. Он воситаи муҳими баландбардории сатҳи фарҳангию маърифатии ҳар  инсон мебошад.

Агар ба таърихи чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон назар афканем, баръало метавон мушоҳида намуд, ки адабиёти тоҷику  форс воқеан ҳам бою рангин буда, чандин нобиғагони илму адабро давоми  таърих ба воя расонидааст. «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ на танҳо дар адабиёти тоҷику форс, балки  дар адабиёти оламшумули ҷаҳонӣ низ аз шумори  асарҳои нотакрор  эътироф гардида, чун манбаи таърихию фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ шинохта мешавад.

Илова бар ин, «Шоҳнома»-и Абулқосим Мансур ибни Ҳасан, машҳур ба Фирдавсии Тӯсӣ дар таърихи адабиёти башар чун бузургтарин асари ҳаммосӣ ва аз шоҳкориҳои беназири сатҳи ҷаҳонӣ дониста шуда, бо офаридани идеяҳои ватандӯстию худогоҳӣ ва хештаншиносию арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ҳаёти ҷовидонӣ касб намуда, дар боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маънавиёти қавми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.

Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар яки мост, ки  ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар оилаи мамлакат ин шоҳкории беназир  аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун туҳфаи пурарзиш аз нав  ва бо сифати хеле баланд дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд ва бо теъдоди  умумии 1 700 000 нусха  ба табъ расида, тақдим гардонида мешавад, ки ин нишони иқдоми наҷибона ва навбатии Роҳбари давлат мебошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «азбаски «Шоҳнома» на танҳо таърихи ҳамосавии мардуми мо, балки шоҳкори забону адабиёт ва мактаби бузурги худогоҳиву худшиносии миллӣ барои ҳама наслҳо ба ҳисоб меравад, тасмим гирифтем, ки онро мисли китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба нашр расонида, ба ҳар хонаводаи мамлакат тақдим намоем».

Воқеан ҳам имрӯз дар ҳар хонадони тоҷик ин шоҳасар китоби рӯимизӣ гардида,  бо баёни забони ноби тоҷикӣ чун ганҷинаи пур аз файзу ҳикмат бо фарогирии мавзуоти баланди худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, сулҳоварию сулҳофарӣ беҳтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёнитабор дониста мешавад.  Воқеан ҳам Фирдавсӣ умри гаронмояи хешро барои таълифи таърихи манзуми подшоҳони Аҷам, ки бо номи «Шоҳнома» шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, ба харҷ дод.

Аз ин лиҳоз, ҳаёти Фирдавсӣ бо нигориши ин асари гаронбаҳо иртибот дошта, шарҳи ҷамъоварӣ ва таълифи «Шоҳнома» шарҳи ҳоли худи  шоир дониста шуда, ақидаҳои ватандӯстию  пандуахлоқӣ мақсаду ҳадафҳои аслии шоирро дар асар таҷассум менамоянд.

Ҳамин тариқ, фалсафаи волои  шоир  моро такроран аз гузашта огоҳ намуда, барои имрӯзу ояндагон сабақи ибратбахш дониста мешавад. Иқдоми неки Пешвои миллат дар самти тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҳар хонадони тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин дарҷ хоҳад гашт.

Ниҳоят бо овардани суханони пурмуҳтавои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯем, ки «бигузор  чароғи «Шоҳнома»-и безавол дар хонадони мардуми Тоҷикистон фурӯзон бошад ва руҳи ватанхоҳию истиқлолталабии Фирдавсӣ мардуми моро дар бунёдкориҳои даврони истиқлол ва таҳкими давлатдории навини миллӣ мадад намояд».

Рушонгул ШОФАҚИРЗОДА,
муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

 АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 21, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он