«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад

Сентябрь 8, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар оилаи тоҷик хизмати беназир давоми қарнҳо барои халқи соҳибтамаддуни мо мебошад. «Шоҳнома барои шинохти имрӯзу гузаштаи халқи мо уфуқнамост.

Ҳамзамон дар чандин ҷилд бо адади нашри 2-3 миллион нусха ба нашр расонидани ин шоҳасари безавол хароҷоту масрафи молии андак нест. Яъне қатъи назар аз ҳама масрафҳо ҳадафу мароми Роҳбари давлат боз ҳам маърифатманд гардонидани халқи куҳанбунёди тоҷик аст, ки дар натиҷаи ноадолатиҳои таърихӣ аз махзани илму адабу фарҳанги миллӣ дар фосилаҳо қарор гирифта буд.

Ҳамагон огоҳ мебошанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар хонадони тоҷик чандин миллион нусха китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя гардид. Ин дастовези маънавӣ халқи тоҷикро руҳбаландиву садоқати бештар бахшида тавонист. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ, ки дар равандҳои он бархӯрди фарҳангҳо бештар ба назар мерасад, нашр гаштани ин китоб ва тақдими он тадбири саривақтӣ аст. Зеро дар ин раванд фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кӯчакро фурӯ мебаранд ва ғафлату бетафовутиҳо боиси аз байн рафтани миллатҳою халқияти алоҳида мегарданд. Иқдоми навбатӣ низ дар ҳошияи ҳамин ҳадаф — таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон зина ба зина мутолиаи китоб ба анъанаву ҷараёни бузург табдил меёбад. Яъне, алакай маълум гардидааст, ки китобдӯстию китобхонии миллӣ ватанпарастию ватандӯстӣ мебошад ва дар баробари ин ҳатман олами бузурги маънавияту ахлоқро фаро мегирад.

Дар ин замина, эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» иқдоми шоистае аст, ки бо шарофати он акнун дар мисоли «Шоҳнома»-и безавол барин асарҳо мо бо олами гузаштаи худ шинос мешавему хаёлан сафар менамоем. Дар ҳар достон, ҳар манзара, ҳар як макону замони асар мо ватанрою асолати худро меёбему мешиносем. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо нишон додани симои ҳама қаҳрамониҳо бедор кардани муҳаббати ватандӯстӣ аст. Албатта, ба таври комилу густурда ташхиси тамоми ҷузъиёти «Шоҳнома» вазифаву рисолати бузурги муҳаққиқони соҳаи адабиётшиносӣ мебошад. Хуб аст, ки то ин замон дар ин самт таҳқиқоти гуногуне аз ҷониби олимони адабиётшиноси мо амалӣ шудаанд. Аммо ин иқдом боз ҳам шумораи муҳаққиқону завқмандони асарро бештар карда метавонад.

Аҳли фазлу адаб аз ҳама бештар дарк менамояд, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат ҳикмати фаровон дорад. Ин иқдом барои ҳазорсолаҳои дигар аҳамияти вижа хоҳад дошт. Мавҷудияту бақои ҳазорсолаҳои миллати куҳанбунёди моро таъмин хоҳад намуд. Табиист, ки тақдими ин китоб ба ҳар хонадони тоҷик ба ваҷҳи мутолиа мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк менамоянд, ки «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошанд.

Хуллас, ин озмуну тақдими ин китоби пурқимат ҳадафу марому нақшаҳои амиқеро дар ниҳоди худ нигоҳ медоранд. Ин ҳама тадбирҳо танҳо барои имрӯз нест ва натиҷаву маҳсули он баъдтар маълуму возеҳ хоҳад гардид. Иқдоми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат таҳрики бузурге дар таҳкими маънавиёту фарҳанги миллӣ ва бақои давлатдории тоҷикон хоҳад буд. Иқдоми Пешвои миллат руҳи Фирдавсиро шод намуд. Иқдоми тақдими «Шоҳнома»- ин тақдими хазинаи пурбаҳо ба миллати тоҷик аст.

Ҳавасмоҳ БОБОШОЕВА,
китобдори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода

АКС аз манбаҳои боз

Сентябрь 8, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
Омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ дорад
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум