Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин (G77) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷии мамлакат аз талошҳо барои суръат бахшидан ба ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими низоми бисёрҷониба пуштибонӣ намуд. Инчунин зимни изҳороти ҷониби Тоҷикистон диққати махсус ба зарурати ислоҳоти сохтори молиявии байналмилалӣ, таҳкими сулҳу амният ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дода шуд.
Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин зимни таъкиди аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва мудирияти захираҳои об нақши фаъол ва созандаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои таъмини рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






