Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ иштирок намуд

Сентябрь 15, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ, ки бо ташаббуси Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа иштирокдорони ҳамоиш оид ба ҳамла ба Давлати Қатар, ки 9 сентябри соли раовн ба вуқуъ пайваст, инчунин вазъи мураккаби Ховари Миёна табодули назар намуданд.

Зимни нишаст аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ рӯзнома ва матни санади ниҳоии Саммити изтирории сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ва арабӣ (15 сентябри соли 2025, Давҳа) мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид