Вазири сайёҳии Монтенегро бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири сайёҳии Монтенегро хонум Симонида Кордич дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Симонида Кордич бо Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода мулоқот намуда, масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин имконияти густариши робитаҳои академӣ ва илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии риштаи сайёҳии Монтенегро дар самтҳои омодасозии муштараки мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ тавассути барномаҳои таҳсилотии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ҷонибҳо ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъкид карда шуд.
Симонида Кордич зимни шиносоӣ бо пойгоҳи таълимӣ ва инфрасохтори муосири омодасозии мутахассисон дар донишгоҳ ба ташкили раванди таълим ва шароити фароҳамшуда баҳои баланд дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории ҷонибҳо метавонад ба рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таҳқиқотӣ байни муассисаҳои таълимии ҳарду давлат такони ҷиддӣ бахшад.
Шиносоии Симонида Кордич бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши имконияти нави таълимӣ ва таҳқиқотӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва институтҳои илмию таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Монтенегро маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки хонум Симонида Кордич яке аз ташаббускорони фаъоли рушди байналмилалии соҳаи сайёҳӣ маҳсуб шуда, раёсати Комиссияи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба сайёҳӣ барои Аврупоро ба уҳда дорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид






