Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад

Сентябрь 4, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр олимони ҷавони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори он Илҳом Мирсаидзода бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъияти радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Искандаркӯл сафар намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ то 8 сентябр идома меёбад. Кормандони агентӣ вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл ва минтақаҳои атрофи онро бо истифода аз усулҳои пешрафта ва таҷҳизоти муосири илмӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Аз минтақаҳои таҳқиқшаванда намунаҳои об ва хок барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо ҷамъоварӣ карда шуданд.

Дар асоси маълумоти дар ҷараёни экспедитсия бадастомада дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии агентӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии ин мавзеъҳо таҳия мегардад. Он ҳамзамон дар Атласи ояндаи вазъи радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид