ЗАНОН ВА СИЁСАТИ МИЛЛӢ. Дар ин мавзуъ ҳамоиши вакилзанон доир шуд

Сентябрь 26, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумони мамлакат таҳти унвони «Занон ва сиёсати миллӣ: таҷриба, дастовардҳо ва дурнамо» ҳамоиши вакилзанон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода мақсади ҳамоишро баррасии масъалаҳо вобаста ба нақш ва саҳми занон дар раванди сиёсии мамлакат, таҳким ва густариши демократия, баланд бардоштани мавқеи занон дар идоракунии давлатӣ, омода намудани занону духтарони лаёқатманд ҳамчун чеҳраи муваффақи сиёсӣ ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ унвон намуда, гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон ҳамчун қишри фаъолу собитқадами ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Иброз гардид, ки ин ҳамоиш минбар барои мубодилаи таҷриба, таҳлили мушкилот ва дарёфти роҳҳои нав барои густариши ҳузури занон дар сиёсату идоракунӣ буда,  суханрониҳо ва пешниҳоди иштирокчиён ба таври амалӣ ба пешрафти ҷомеа ва таҳкими нақши занон дар давлатдорӣ, рушди ақидаю иқдоми созанда ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ мусоидат менамояд.

Дар сиёсати миллии мо, ки бар пояи идеяҳои созандагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ устувор аст, занон ҳамеша мавқеи хосса доштаанд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият то имрӯз бо ҳидояту пуштибонии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа, махсусан дар арсаи сиёсӣ аҳаммияти хосса зоҳир гардидааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра вакилзанон медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»