35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 муассисаи нави таълимӣ ва 36 муассисаи томактабӣ бунёд карда шуд. Ин раванд идома ёфта, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боз 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июни соли равон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 500 миллион сомонӣ 221 бинои нави таълимӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Танҳо дар доираи сафари кории Сарвари давлат моҳи июн дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 муассисаи томактабӣ барои 1570 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастуру супориш доданд, ки дар 5 соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ 800 муассисаи томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 400 нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат фиристода шуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 ҳазору 400 нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷиро хатм карданд.
Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, дар асоси квотаи президентӣ барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой пешбинӣ гардидааст.
«Дар маҷмуъ, аз соли 1997 то инҷониб аз вилоят 4 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор нафар духтарон тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд. Қисми зиёди онҳо дар бахшҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат аллакай муваффақона фаъолият доранд»,-баён доштанд Сарвари давлат.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






