35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Хиёбону кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулзор табдил дода шуданд
ТУРСУНЗОДА, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо талошҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода шаҳр рӯз то рӯз симои худро дигаргун намуда, воқеан ба «шаҳри гулҳо» табдил ёфтааст. Хиёбону кӯчаҳо ва гулгаштҳои шаҳри Турсунзода бо садҳо ҳазор навъҳои гуногунранги гулҳо оро ёфта, ба шаҳр зебоӣ ва таровати хосса зам намудаанд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, сокинону соҳибкорон дар корҳои созандагию ободонӣ ва гулзор намудани шаҳр пайваста саҳм мегузоранд.
Имрӯзҳо маркази шаҳри Турсунзода бо биноҳои зебою замонавӣ ва боғу майдонҳои гулпӯш ба гулистоне табдил ёфтааст, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад ва ба ояндаи боз ҳам гулафшони шаҳр умедвор мегардонад.
Бояд ёдовар шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода даҳҳо километр роҳҳои маркази шаҳрро мумфарш намуд. Ҳамчунин бо ташаббусу иқдомҳои соҳибкорону сокинони ватандӯсти шаҳр дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳрдорӣ роҳҳои маҳалии ҳудуди шаҳр мумфарш карда шуда, дар аксар деҳоту маҳалаҳои шаҳр тадбирҳои навсозии роҳу иншооти дигар бомаром идома дорад.
Суратгузориш аз тадбирҳои гулзоргардонӣ ва ободонии шаҳри Турсунзода пешниҳоди хонанда мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




























Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






