35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Октябрь 13, 2025 17:11

ДУШАНБЕ, 13.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  бунёди 984 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  809 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Дар айни замон сохтмони Маркази оши палов ва  таъмиру таҷдиди бинои асосии осоишгоҳи «Шифо», бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар деҳаи Озодагон, бинои маъмурии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар шаҳр, бинои маъмурии шуъбаи маориф ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, Боғи фарҳангии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар қисмати шарқии шаҳр идома дорад.

Сокинони шаҳри Панҷакент ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегиранд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Октябрь 13, 2025 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 200 тарбиятгиранда кӯдакистон сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Хиёбону кӯчаҳои шаҳри Турсунзода ба гулзор табдил дода шуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ қабул гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Солеҳҷон боздид намуданд