35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд инфрасохтори муҳими коммуналӣ навсозӣ карда мешавад

Октябрь 18, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корҳои навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардории соҳили рости шаҳри Хуҷанд оғоз мегардад.

Ин лоиҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, тамоми хати ташноб дар соҳили рости шаҳр ба масофаи 11 километр пурра навсозӣ хоҳад шуд. Барои ин лӯлаҳои қутрашон аз 800 то 1200-миллиметра насб мегарданд.   Иваз намудани қубурҳои кӯҳна бо қубурҳои нави ҳаҷман калон ва устувор имкон медиҳад, ки шабакаи ташноб ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад.

Дар баробари навсозии хати ташноб дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаҳои муҳими дигар низ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз он  беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мебошад. Таввасути лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»  оби нӯшокӣ тавассути қубур ба дарозии беш аз 17 ҳазору 560 метр ба маҳаллаҳои навбунёди 1 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 18, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад