Абдулло Орифов: «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ мебахшад

Октябрь 14, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ҳамсояи чандинасраи наздик, дӯсти вафодор ва шарики боэътимоди стратегии Узбекистон мебошад. Мо муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки мардумони бародарро самимона қадр мекунем»,-чунин гуфт имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов.

Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов муносибатҳои дӯстона ва эътимодбахш байни сарони давлатҳоро, ки заминаи устувори рушди муваффақона ва амиқи ҳамкории дуҷониба гардидаанд, махсусан таъкид намуд. Ба иттилои ӯ, бо шарофати ин муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ба таври куллӣ ба сатҳи нав баромада, шарикии дуҷониба мазмуни воқеии амалиро фаро гирифтааст.

«Давоми панҷ соли охир табодули молу маҳсулот байни давлатҳоямон ду маротиба афзуд. Имрӯз лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва савдо татбиқ карда мешаванд, ки ба мустаҳкам намудани доираи ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд. Натиҷаи муҳими ҳамкории минтақавӣ ташаккули сатҳи нави эътимод ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Боварӣ дорам, ки форуми «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои ояндадори ҳамкории байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард»,-иброз дошт зимни суханронӣ Абдулло Орипов.

Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон баён дошт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ фазои ягонаи нақлиётию логистикӣ ташаккул ёфта, Осиёи Марказӣ ба маркази транзитӣ байни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб табдил меёбад. Солҳои охир ҳаҷми табодули дуҷонибаи молӣ байни мамлакатҳои минтақа 4,5 баробар ва шумораи корхонаҳои муштарак 5 баробар афзудааст.

«Намунаи ҳамкории муваффақ пайваст шудани Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, оғози интиқоли мутақобили неруи барқ ​​ва бастани созишномаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар доираи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ҳамаи ин ба рушди шарикии устувори обу энергетикӣ дар минтақа мусоидат мекунад»,-гуфт Абдулло Орипов.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид