Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 47-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода дар шакли ҳузурӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа намояндагони ваколатдор аз Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла ҳисоботи солонаи Идораи патентии Авруосиё дар 2024, лоиҳаи буҷети Идораи патентии Авруосиё барои соли 2026, ворид намудани тағйирот ба санадҳои алоҳидаи Идораи патентии Авруосиё дар бораи пардохти боҷҳо барои амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва ғайра нисбат ба аризаҳо барои додани патентҳои Авруосиёӣ, ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои стипендиявии Идораи патентии Авруосиё, тасдиқи Низомнома дар бораи дастгирии аризадиҳандагон аз давлатҳои аъзо, масъалаи ҳамроҳшавии Ташкилоти патентии Авруосиё ба Санади женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ аз 2 июли соли 1999 ва инчунин ба Созишномаи Ар-риёз дар бораи қонунҳои намунаҳои саноатӣ аз 22 ноябри 2024 ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






