Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025» баргузор шуд

Октябрь 1, 2025 14:24

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025»  дар ҷаласаи   Кумитаи тадорукот 30 сентябр дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа раванди иҷрои вазифаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд, муҳокима шуд.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ба масъулон барои  вусъат додани корҳои омодагӣ, аз ҷумла  тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ташкили қисми намоишӣ, ҷаласаҳо дар сатҳи баланд, ба имзо расонидани созишномаҳо, таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ супоришҳои мушаххас дод.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025»  аз 14 то 16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Сармоягузориҳои сабз — имконияти имрӯз барои устувории фардо» баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявию сармоягузорӣ ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок менамоянд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид