Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти муҳити зист баррасӣ гардид

Октябрь 11, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Агаси Арутюнян мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон доир ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ибрози назар намуда, ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки FAO моҳи октябри соли 1945 дар шаҳри Квебеки Канада таъсис дода шудааст ва алҳол қароргоҳаш пойтахти Италия- шаҳри Рим аст. FAO аз соли 1996 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ин муддат лоиҳаҳоро дар бахшҳои илм, таълим, истеҳсолоти кишоварзӣ, мелиоратсияи замин ва об, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бозомӯзии мутахассисон ва ҳифзи муҳити зист амалӣ намудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд