Ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои илму маориф баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Вазири маориф ва таҳсилоти олии Қатар хонум Лулва бинти Рошид Ал-Хотир ва директори генералии Фонди рушди Қатар Фаҳад Ҳамад Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф, аз ҷумла бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мактабу муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва сармоягузориҳои соҳаи энергетикаро ҳамчун соҳаи рушди устувор ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






