Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳимоя ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Риёз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳимоя Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Санади мазкур баъд аз мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Роҳбари Мақомоти мудофиаи граждании Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ҳамуд Ал–Фараҷ ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳиро баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






